Али фарзанди Абутолиб (р) icon

63.0333 by Китобхои Исломи


Feb 27, 2018

About Али фарзанди Абутолиб (р)

English

Oshnoi bo Hazarat Ali (karramalloҳu vaҷҳaҳu)

https://vk.com/kitobhona

https://ok.ru/group/53630571643013

Гузориши мухтасар: Сӯҳбати мо дар бораи халифаи рошид , аввалин мусалмон ва наздиктарини насаб ба паёмбар (с) ва домоди паёмбар (с) шавҳари ҳазрати Фотима, (р) Абулҳасан Алӣ ибни Абутолиб (р) мебошад. Ҳазрати Алӣ (р) дар миёни саҳобаҳо яке аз уламои машҳуру ботақвотарин ва дар майдони ҷанг яке аз қаҳрамонону далерони майдон ба ҳисоб мерафт. Ӯ парчамбардори рӯзи хайбар буд ва шамшераш ҳамавақт барои одоб додани душманони ислом ва гирифтани ҳаққи заъифон омода буд. Алӣ бародар ва домод ва Ҳоруни паёмбари акрам ба ҳисоб мерафт . Ва болотарин суханон ва фазилатхоро паёмбари акарам (с) дар мавриди Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳу ) баён дошта аст. Ҳазрати Расули Акрам (с)Алиро аз худ ва нфси худ ва ба манзали Ҳорун барои худ ва дари шаҳри илму ҳикмат ва бародар ва валий ва васиё ва халифаи худаш баён намуда аст албата сохиби ин китоб хами ин суханхоро наоварда аст

Алӣ ибни Абутолиб (р)

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳамду сано Худованди бузургро ва салавоту салом бар беҳтарини паёмбарон Муҳаммад (с) ва аҳли байту асҳобаш.

Ҳазрати Алӣ (р) дар миёни саҳобаҳо яке аз уламои машҳуру ботақво ва дар майдони ҷанг яке аз қаҳрамонону далерони майдон ба ҳисоб мерафт.

Ӯ парчамбардори рӯзи хайбар буд ва шамшераш ҳамавақт барои одоб додани душманони ислом ва гирифтани ҳаққи заъифон омода буд.

Дар тарбияти Паёмбар (с)

Ҳазрати Алӣ (р) дар хонаи Паёмбар (с) тарбият ёфта буд, пеш аз биъсати паёмбар (с) дохили хонаи ӯ шуда буд ва то охири умри паёмбар (с) дар тарбияти ӯ буд. Аз ибни Исҳоқ аз Муҷоҳид ибни Ҷибр ривоят шудааст, ки гуфт: «Яке аз неъматҳои Худованд бар ҳазрати Алӣ (р) ин буд, ки қабилаи Қурайш ба мушкилоти қаҳти дучор шуда буданд ва Абутолиб, падари ҳазрати Алӣ фарзандони зиёде дошт. Паём-бар (с) ба амакаш Аббос (р), ки сарватмантарини бани Ҳошим буд, пешниҳод кард, ки дасти кумак ба Абутолиб дароз кунанду ҳар бародараш як фарзанди ӯро ба кафолати худ дарорад. Аббос (р) ин пешниҳо-ди паёмбарро пазируфту ба назди Абутолиб рафтанд ва ба ӯ ин пешниҳодро (кӯмакро) иброз доштанд. Абутолиб ин пешниҳодро қабул карду ба онҳо гуфт: «Барои ман аз фарзандонам Ақилро бигузореду сипас ҳар чиро ки маслиҳат медонед, бикунед».

Паёмбар (с) аз фарзандони Абутолиб ҳазрати Алиро ба кафолату тарбияти худ дароварду ҳазрати Аббос (р) Ҷаъфарро, вақте ки паёмбар (с) аз ҷониби Худо-ванд ба Паёмбарӣ ихтиёр шуд, ҳазрати Алӣ (р) аз хурдсолон аввалин шуда исломро қабул кард.

Ислом овардани ҳазрати Алӣ (р)

Ҳазрати Алӣ (р) мегӯяд: «Паёмбар (с) рӯзи душанбе ба паёмбарӣ фиристода шуд ва ман рӯзи чаҳоршанбе имон овардам».

Ӯ аввалин мусалмон аз хурдсолон буд, вақте ки имон овард, ҳаштсола буд.

Ба сабаби хурдсолияш ва тарбият диданаш дар хонаи Паёмбар (с) беҳтарин ва олитарин ахлоқро аз худ карда буд, дар тӯли умраш, ба буте саҷда накарда буд ва арақ нанӯшида буд, ҳатто роҳи майхонаро ҳам намедонист.

Ҷонфидоии ҳазрати Алӣ (р) ба хотири паёмбар (с)

Паёмбар (с) мехост, ки ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат кунад ва мушрикони Макка бошанд, ҳама иттифоқ карда буданд, ки дар вақти хобаш ҳама бо як зарба бо шамшерҳояшон бояд паёмбарро бикушанд.

Мушрикони Макка бо шамшерҳои аз ғилоф берун, пушти дарвоза интизори дохил шудану куштани паёмбарро доштанд.

Аммо ҳазрати Алӣ (р) бошад, ҷонашро фидои паём-бар (с) карда, дар бистари паёмбар (с) хобид, то ки ҳар нохушие меояд, бигузор бар сари ӯ биёяду паёмбар (с) солим аз миёни онҳо баромада, ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат кунад.

китоб точик таджикский мусалмон мусулмон малакуль ислам дин ислом шариат Худо Аллох фавт Аллах Бихишт дузахт дузах Чаннат Чанна гамгин машав нашав намоз хичоб аврад пайгамбар паёмбар паембар имам бухори бухари куръон курон хадис хадисхо сахех сахехи талок дасти дуои модар

What's New in the Latest Version 63.0333

Last updated on Feb 27, 2018

Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!

Translation Loading...

Additional APP Information

Latest Version

Request Али фарзанди Абутолиб (р) Update 63.0333

Uploaded by

Fran Alonso

Requires Android

Android 4.1+

Show More

Али фарзанди Абутолиб (р) Screenshots

Comment Loading...
Languages
Languages
Searching...
Subscribe to APKPure
Be the first to get access to the early release, news, and guides of the best Android games and apps.
No thanks
Sign Up
Subscribed Successfully!
You're now subscribed to APKPure.
Subscribe to APKPure
Be the first to get access to the early release, news, and guides of the best Android games and apps.
No thanks
Sign Up
Success!
You're now subscribed to our newsletter.